http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Нишони сармадӣ ҷустам, нишони тир шудам,
Ғарибу бекасу бечораву фақир шудам.

Агарчи шери ҳузарбам, тазоди қисмат бин,
Ба дасти як саги дунболагар асир шудам.

Чунин ҳақорати торих нест дар торих
Кабир будаму якборагӣ сағир шудам.

Ҳамоқати худамон буд ё таҷовузи ғайр,
Зи авҷи кибриё уфтодаму ҳақир шудам.

Миёни зулмати ҷаҳл офтоб меҷустам,
Зи кӯрдуди сияҳкорагон зарир шудам.

Басо зи торами ахзар ситора мечидам,
Залилу мунзавию хастаю қасир шудам.

Зи биму ваҳшату дилвопасӣ дилам чӯкид,
Зи хешу аз ҳама ҳамҷодагон заҳир шудам.

Чу “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар чакод будам,
Кунун фиканда таҳи пой чун ҳасир шудам.

Зи бори нанг миёнам шикасту уфтодам,
Зи ҷони хешу зи ҷабри дусӯя сер шудам.

Ҳазор сол ба рағми замон ҷавон будам
Миёни чанд дақиқа шикаста, пир шудам.

21.02.1994 – Бемористон
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Билл Гейтс стал миллиардером, когда ему был 31 год
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|