http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

“Вовайли он мисе, ки ӯ бо кимиё ошиқ нашуд”.

Охир мани шӯридадил бо як садо ошиқ шудам,
Бо камбаҳоиям туро, эй бебаҳо, ошиқ шудам.

Бедарду ғам будам агар, дар ишқ кам будам агар,
Инак туро дарёфтам, бо дардҳо ошиқ шудам.

Қадри ту нодониста буд, армони ман нашкаста буд,
Гум кардамат андар замин, то дар само ошиқ шудам.

Гар бо ту будам носазо, гар бе ту будам норасо,
Ҳам носазо ошиқ шудам, ҳам норасо ошиқ шудам.

То кай хамӯшу бесадо? Он беҳ ки бошам дар бало,
Ман як бало мехостам, бо сад бало ошиқ шудам.

Гаҳ бехудам, гаҳ бехудо, аммо бад-ин сон муддао –
Шояд худои дил туӣ, ман бо худо ошиқ шудам!

[1982]
  1. Choice of language
  1. You know ...
Author of the most ancient algorithm Evklid
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|