http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Як замон дар синаат баҳри дамон оварда будам,
Дар дилат як шуълае аз ҷовидон оварда будам.

Мепаридам дар ҳавои ишқи ту то осмонҳо,
Дар заминат ахтаре аз осмон оварда будам.

Дар баҳоре, ки ниҳоли қоматат гул карда буд, ман
Дар қадамҳоят баҳори гулфишон оварда будам.

Ошиқонат аз гули беор ҳам бисёр буданд,
Он ҳама гулдаста, ман сад даста ҷон оварда будам.

Аз тамоми сарвати шаш қитъаи дунё бароят
Қитъаи озоди дилро армуғон оварда будам.

Ёди айёме, ки аз пирӣ намекардам хаёле
Ман ҷавон будам, гунаҳҳои ҷавон оварда будам...

[1982]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Первым серийным домашним компьютером стал Apple II, выпускавшийся небезызвестной компанией. Произошло это в 1977 г.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|