http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Зи баҳори ҳусни ёре ба баҳори дил расидам,
Зи канори гарми ишқе ба канори дил расидам.

Ба канори сарди дунё зи ҳазор барқу оташ
Фақат аз шарори сӯзе ба шарори дил расидам.

На ба худ, на бехудам ман, ба мисоли чархи гардун
Зи хурӯҷи беқарорӣ ба қарори дил расидам.

Чу раҳи фарохи манзил раҳе нест байни ду дил,
Зи диёри дарди ёре ба диёри дил расидам.

Ҳама ҷо мазори гил бин, вале як мазори дил нест,
Зи тавофи гӯри модар ба мазори дил расидам.

Зи дилам куҷо хабар буд, чу мадор буд дар тан,
Зи вуҷуди бемадорам ба мадори дил расидам.

Ба сарам фишори гардун, ба дилам фишори ҳар дун,
Зи фишори зиндагонӣ ба фишори дил расидам...

[1988]
  1. Choice of language
  1. You know ...
First mention of Internet concerns to 1982.
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|