http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Гарчи як рӯз ва ё шаб зи ҷаҳон мегузарам,
Ҳар қадар пир шавам, боз ҷавон мегузарам.

Нигарони туву дидори ту будам ҳама умр,
Ҳам пасин бор ба сӯят нигарон мегузарам.

Ту ба он қомати гулрез ғанимат бишумар,
Ки ман аз боғи ту чун оби равон мегузарам.

Моҳи бе айби ман, аз бобати ман айб магир,
Ман чу субҳам, ба ҷаҳон хандазанон мегузарам.

Шеърҳоям ба ту мероси дили ман бошанд,
Марг мероси падарҳост, чунон мегузарам.

То нагӯянд сабукбор гузашт аз дунё,
Охирин бор ба каф ратли гарон мегузарам.

Лек то он ки аҷал чанг занад бар ҷонам,
Аз раҳи ишқи ту бо бозии ҷон мегузарам.

[1988]
  1. Choice of language
  1. You know ...
"Фортран" – первый высокоуровневый язык программирования.
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|