http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Бар мо чӣ рафт аз замон, эй хок бар сарам,
Аз тиру таркашу камон, эй хок бар сарам.

Бегона сӯхт хонаро, хокистари варо
Барбод дод хешамон, эй хок бар сарам.

Шабхун заданду ногаҳон як шаҳри нозанин
Пур шуд зи дузди қаҳрамон, эй хок бар сарам.

Хондем ҳомиёнамон, дидем будаанд
Ғоратгарони хонумон, эй хок бар сарам.

Дар шаҳр рехт подае мӯру малахмисол
Яғмогарони беамон, эй хок бар сарам.

Ваҳшат надида гург зи гурги дигар, ки мо
Аз додарони тавъамон, эй хок бар сарам.

Ин қадр хор мешудаву зор мешудаст
Одам зи ҷабри одамон, эй хок бар сарам.

27.02.1996 – Бемористони дил
  1. Choice of language
  1. You know ...
First mention of Internet concerns to 1982.
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|