http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Боз ошиқ шаваму зиндагӣ аз сар гирам,
Роҳи дерин бигузорам, раҳи дигар гирам.

Ҳамаро тарк кунам шомгаҳон чун хуршед,
Домани субҳ кашам, домани дилбар гирам.

Боз як бори дигар тозаҷавонӣ бикунам,
Баҳри ҷонон зи фалак лолаи ахтар гирам.

Нашавам дастхуши васвасаи кӯрдилӣ,
Ҷуфти дилхоҳ чу як ҷуфти кабӯтар гирам.

Сӯзи афзунам аз он аст, ки рӯзе чу чароғ
Сари гӯри падару модари худ даргирам.

Кӯрпистон бувадо модари дунё, эй дил,
Биравам маслиҳати умр зи модар гирам.

[1971]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Первое упоминание Internet относится к 1982 г.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|