http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Агар гӯянд, махзан гир, ман махзан намегирам,
Ки лак-лак ганҷи махзанро ба як арзан намегирам.

Маро гӯянд, ахтар гир аз боми фалак бе дӯст,
Бигирад гар тамоми аҳли дунё, ман намегирам.

Тамоми ахтарон гар пеши ман чашмак зананд аз меҳр,
Ба ҷои як нигоҳу лутфу нози зан намегирам.

Ҷаверо, ки надодам об аз сарчашмаи ҷонам,
Агар чун гандумам кӯбанд дар ҳован, намегирам.

Кунад кори ҳама шамшерро як сӯзани модар,
Ҳама шамшеру ханҷарро ба ин сӯзан намегирам.

Маро так-так ҷаҳон бишнохта чун бо фани Сино,
Фану эъҷози Синоро ба макру фан намегирам...

Маро дар домани ин хок модар зод аз доман,
Ки то хокам нагирад, даст аз ин доман намегирам!

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
"Фортран" – первый высокоуровневый язык программирования.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|