http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Мову ту ҳар ду зиндаем, он ҷо туӣ, ин ҷо манам.
Як чашмаи дарё туӣ, як чашмаи дарё манам.

Дунёи бесоҳиб агар соҳиб наёбад баҳри худ,
То соҳиби ишқи туям, як соҳиби дунё манам.

Савти мухолиф мезананд аз чор сӯ, аммо чи бахт,
Як тори хушово туӣ, як тори хушово манам.

Мову ту ҳар ду ҳамназар, аммо ҷудо аз ҳамдигар,
Як дарди бедармон туӣ, як дарди ҷонфарсо манам.

Бешу ками ин зиндагӣ аз ҳиммати мо будааст,
Як дасти гулпарвар туӣ, як дасти гулпиро манам.

Дар роҳҳои ин ҷаҳон раҳгум задам бе раҳзане,
То раҳзани умри манӣ, якумр раҳпаймо манам.

То ишқи ту ҷӯшон бувад, хокистарам партав диҳад,
То ишқи ту пинҳон бувад, дар шоирӣ пайдо манам.

[1986]
  1. Choice of language
  1. You know ...
First mention of Internet concerns to 1982.
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|