http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Чанд зору низор гардидем,
Гул парастида, хор гардидем.

Карда аз сӯи хеш қатъи назар,
Сӯи парвардгор гардидем.

Оташи суғд мурд аз ислом,
Мурдаи бемазор гардидем.

Куштаи корзору оташи ҷаҳл –
Куштаи Зулфиқор гардидем.

Эй басо хуни ҳамдигар хурдем,
То чунин камшумор гардидем.

Паҳнаҳоро ба кӯчиён додем,
Сокини кӯҳсор гардидем.

Дар Самарқанд қанди мо шуд заҳр,
Дар Бухоро бухор гардидем.

Аз сари мо манораҳо карданд,
То баланд аз манор гардидем.

Сӯхтему насӯхт маншаи мо,
Маншаи нангу ор гардидем.

Кушт моро агарчи сад иллат
Миллати бахтёр гардидем.

Дар канори ҳалокати қисмат
Бо ҷаҳон ҳамканор гардидем.

[1988]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Первое упоминание Internet относится к 1982 г.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|