http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Худ ба ними роҳу ангези рашодат мекунем,
Худ даруни чоҳу сӯи маҳ ишорат мекунем.

Хешро носохта, бо асли худ нагдохта,
Дур аз лутфему даъвои латофат мекунем.

Худ батар аз кӯдакем, аммо чу солори ҷаҳон
Кӯдакони хешро дӯғу сиёсат мекунем.

Хонаи боназми ҷонро мекунем аз май хароб,
Аз табибон боз уммеди мараммат мекунем.

Як рисола хонда ё нохонда аз илми ҷаҳон
Мушт бар сина зада, зикри рисолат мекунем.

Фикр лангу дарк лангу пой лангу гашт ланг,
Боз ҳам аз гардиши гардун қазоват мекунем.

Зодагони одами хомему қисматҳои хом
Пухтагони ишқро аммо насиҳат мекунем...

[1988]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Термин "виртуальная реальность" впервые был предложен в 1983 г. программистом Жароном Ланьером.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|