http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Чӣ хабар? Чӣ ҷангу даъво? Ту напурсу ман нагӯям.
Кӣ шикаст муҳраи мо? Ту напурсу ман нагӯям.

Кӣ бурид решаи мо? Кӣ бисӯхт бешаи мо?
Кӣ рабуд ганҷи моро? Ту напурсу ман нагӯям.

Кӣ чӣ кард бо Самарқанд, ки чунин нагунаш афканд?
Кӣ чӣ кард бо Бухоро? Ту напурсу ман нагӯям.

Зи ҳазорсола таърих? На! Ҳазорсола таъхир!
Ту напурс, ҷони бобо. Ту напурсу ман нагӯям.

Кӣ маро чунин пароканд? Кӣ туро ба хун биёганд?
Зи худост ё худи мо? Ту напурсу ман нагӯям.

Хабаре зи асли худ не, сафаре ба васли худ не,
Ману ту ҳаем оё? Ту напурсу ман нагӯям.

На Куруш, на хурӯше, на ситез, на тамизе,
Чӣ нишон зи бахши фардо? Ту напурсу ман нагӯям.

Ҳама рафта кӯ ба кӯе, нашавем рӯ ба рӯе,
Ки гирифт мулки Доро? Ту напурсу ман нагӯям.

Раҳи куфру дин чӣ ҷӯӣ, ту зи нафси ину он гӯй,
Кӣ бувад Калашниково? Ту напурсу ман нагӯям.

Ту гулӯи чашма бастӣ, худи ту зи ман бипурсӣ,
Ки чаро хушид дарё? Ту напурсу ман нагӯям.

Ту ба маснаде расидӣ, на ба мақсаде расидӣ,
Чӣ шунидӣ аз раоё? Ту напурсу ман нагӯям.

Нарасида бар худимон, нарасем бар худомон,
Чӣ касем дар ду дунё? Ту напурсу ман нагӯям.

25.01.1997
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
В 1981 г. компания "Таито" выпустила первую аркадную видеоигру "Космические захватчики".
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|