http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

То кай бувед аз ҳама дур, эй бародарон,
Гӯрӣ кунед то дари гӯр, эй бародарон.

Шохи ҷавонии шумо нашкаста, оваред
Баргу навои шодию сур, эй бародарон.

Аз ҷангуҷӯшу зӯрии ноҷоятон чӣ суд,
Чун нестед аз худо зӯр, эй бародарон.

Захма ба захми синаи хунин чӣ мезанед,
Созед торҳои дил ҷӯр, эй бародарон.

Бо чанд ҳарфи нарм зи аъмоқи ҷону дил
Гармо диҳед бар тани ур, эй бародарон.

Бо ормони равшану ояндабини хеш
Бино кунед ҳар дили кӯр, эй бародарон.

Он санги дил ба шишаи ин дил чӣ мезанед?
Иншо кунед маъбади нур, эй бародарон.

Узр оваред аз сари мардонагӣ яке
Озурдаед гар дили мӯр, эй бародарон.

Як шӯрабахт то шавад хушбахт, бигзаред
Аз ин ғиреву ғулғули шӯр, эй бародарон!

2.02.1994 – Бемористони Қаряи боло
  1. Choice of language
  1. You know ...
In 1986, the first virus attack – the "wild" virus Brian, created by the Pakistan programmers, brothers Basit and Amjad Alvi, was disturbed on the world.
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|