http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Ин манам, ҳамгунаҳи шишаву соғарзадагон,
Даст андар камару домани дилбарзадагон.

Ин манам, ҳамсафари сӯхтагони раҳи ишқ,
Хок бар сар зада, аз хок зи нав сар задагон.

Ин манам дида, ки бас ҳиммати пасте доранд
Доду фарёди баланд аз сари минбар задагон.

Ин манам, ҳамназари зумраи арбоби назар –
Дил ба дарё задагон, сина ба озар задагон.

Ин манам, ҳамнасаби гумшудагони раҳи ишқ –
Рахна бар силсилаи муслиму кофар задагон.

Ин манам, ҳамтани мардони зи пастии замин
Таъна бар манзалаи торами ахзар задагон.

Ин манам, ҳамшарафи ҷумлаи мардони амал –
Остин аз паи таъмири ҷаҳон барзадагон...

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Впервые технология отправки факсов была запатентована в 1843 г. Александром Бейном, но факсимильный аппарат был использован лишь в 1964 г.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|