http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Кони дардем, чу аз каф шуда кони зарамон,
Хуни сардем, чу хомӯш шуда озарамон.

З-он раҳогар, ки бузург аст, вале ҳам гург аст,
Хурда гаштему нахурдем ғами додарамон.

Пайкара сохта баҳри басе “озодгарон”,
Пай набурдем зи пайкори дилу пайкарамон.

Сари мо косаи холист аз он рӯ, ки ба сидқ
Сар накардем фидои нафаси ҳамсарамон.

Бебару бор аз онем, ки аз беҳунарӣ
Ҳар нафас ҳамбарамон хок шавад дар барамон.

Ҳеҷ пайғоми илоҳӣ нарасад бар ману ту,
Чунки бас дур фитодем зи пайғамбарамон...

Алами шуҳрати мо гар ба фалак сар сояд,
Қарздорем зи оҳу алами модарамон.

Мо, ки будем зи дарвозакушоёни сухан,
Аз чӣ рӯ даст надорем ба хоки дарамон?!

Боз як нукта бигӯям, ба ман, эй халқ, машӯр,
Ки чаро омада ин ҳукми қазо бар сарамон:

Беҳтарин луқмаи халқони дигар нуқлу кабоб,
Беҳтарин луқмаи мо хурдани ҳамдигарамон.

[1991]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Впервые технология отправки факсов была запатентована в 1843 г. Александром Бейном, но факсимильный аппарат был использован лишь в 1964 г.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|