http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Офарин ҳамқаламон, ҳамқадамон, ҳамқадаҳон
Бо ҳама теғи забон, теғи қалам бесилаҳон.

Офарин номварон дар бари ин комварон,
Офарин симу зарон дар бари ин хокираҳон,

Дар миёни ҳама ин тирадилон қуббаи нур,
Дар миёни ҳама ин бемазагон бебазаҳон,

Ҳарфи ҷонпарваратон бишнаваму гӯям фош:
Ҳайфи булбулнафасон дар маҳали сагманаҳон...

Сарбаландед чу Албурз, агарчи дидед
Ҷабру бедоди ҷаҳону дами шамшери шаҳон.

Рӯсафедед шумо,баски сафедандешед
Рӯ ба рӯ бо галаи дилсияҳу рӯсияҳон

Бо ҳама фахру ғурур аз ҳунари худ, доред
Сари хам, гардани каҷ дар қадами каҷкулаҳон.

Устоди ҳаматон буд сипаҳсолоре,
Аз чи мондед чунин бесипару бесипаҳон?

Дар паноҳи хираду шеъри Аҷам оламгир,
Дар паноҳи худи худ бефараҳу бепанаҳон,

Пургуноҳед, ки бо пургунаҳон месозед,
Бегуноҳед, ки хурдед ғами бегунаҳон...

28.12.1994
  1. Choice of language
  1. You know ...
In 1981 Creative Technology firm (Singapore) - the founder of the first sound cards has been based.
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|