http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

То наёбӣ, ҷони ман, ҷони сухан,
Чун гадоён мехурӣ нони сухан.

Медавӣ якумр гирдогирди кӯҳ,
То наёбӣ маншаи кони сухан.

Гар надорӣ дар дил оҳеву ғаме,
Мезанад арвоҳи пирони сухан.

Бесарупо бигзариву бепае,
Сар набозӣ гар ба поёни сухан.

Доғи дилро боғи дил кун бо фусун,
То набошӣ доғи домони сухан.

Хуни дил хур, хуни дил хур, хуни дил,
Маҷлиси май нест майдони сухан.

Сар барорӣ аз гиребони замон,
Гар бигирӣ аз гиребони сухан...

[1982]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Первый массовый жесткий диск был от Seagate ёмкостью 5 Мb
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|