http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Тоҷике бо форсӣ ҳарфе нагӯяд, фахр кун,
Ҷавҳари худ, асли худро гар наҷӯяд, фахр кун.

Гар раҳи анбор пӯяд ё раҳи бозору пул,
Роҳи истиқболи миллатро напӯяд, фахр кун.

Дар Бухоро то кунун аллома мерӯид агар,
Баъд аз ин ҳар лаҳзае ӯзбак бирӯяд, фахр кун.

Дар Самарқанд аз гулистони шукӯҳи ориён
Тоҷике гар атри озодӣ набӯяд, фахр кун.

Чун дигар фахре надорӣ аз худу аз буди худ,
Номат ар таърих аз матнаш бишӯяд, фахр кун.

Лоиқе гар дар ғами миллат бимирад, ҷашн гир,
Мӯ ба мӯяш гар аз ин ғам хун бимӯяд, фахр кун.

25.12.1994
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
В 1981 г. компания "Таито" выпустила первую аркадную видеоигру "Космические захватчики".
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|