http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

“То тавонӣ дӯстонро гум макун”
Мирзо Турсунзода

Дар ҷаҳони душманонӣ, дӯстонро гум макун,
Дар миёни каҷравонӣ, ростонро гум макун.

Ҳар куҷое по ниҳӣ, дар пои ту сар мениҳанд,
Ошу ноне хурдаӣ, он ошёнро гум макун.

Ваъдаҳои нася додӣ вақти мастӣ, мард бош,
Баҳри ҷуброн пеши ҷонон нақди ҷонро гум макун.

Ҳам макун парвову ҳам як лаҳза бепарво мабош,
Корвонсолорӣ, фарёди сагонро гум макун.

Навбатат гар омада, дар осиё навбат бирон,
Лек исёну ғурури осиёнро гум макун.

Обрӯе доштӣ, аммо чу об аз сар гузашт,
Баҳри оби мурдае оби равонро гум макун.

Огаҳам аз хешу боз офоқ огаҳ мекунад:
То намирӣ безамон, дарди замонро гум макун.

Гарчи бо модар-заминам, бишнавам панди падар:
Дар замин гар шодмонӣ, осмонро гум макун.

Дастаи дар мекашад аз остинам ҳар саҳар:
Эй ки берун меравӣ, ин остонро гум макун!

[1986]
  1. Choice of language
  1. You know ...
... что первая ЭВМ появилась в 1951 году
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|