http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Ишқ овардам, пушаймонам макун,
Оташ овардам, гулафшонам макун.

Хешро то ишқи ту аз сад даре
Ҷамъ овардам, парешонам макун.

Шодӣ овардам, ба ғам рангаш мазан,
Ханда овардам, ту гирёнам макун.

Шӯр овардам ба ҷони коҳилат,
Ганҷ овардам, ту пинҳонам макун.

Бода овардам ба ҷоми холият,
Ҷом пур кун, сер аз ҷонам макун.

Оҳ овардам, дилатро гарм соз,
Роҳ овардам, гурезонам макун.

Хоҳиш овардам, ба коҳиш хӯ мадеҳ,
Нозиш овардам, ту нолонам макун.

Чашма овардам, ки бахтат сабз бод,
Шӯрчашмӣ пеши чашмонам макун.

Ҳадя овардам дили пуроташе,
Сардрӯӣ чун замистонам макун.

Достони ишқи ту дорам ба дил,
Дастгирам бошу дастонам макун.

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Первым "лэптопом" – "портфельным" компьютером – стал IBM 5100 (IBM Portable Computer), оснащенный дисплеем, встроенным накопителем на магнитной ленте и 16 Кb оперативной памяти, весом – 23 кг. Год создания – 1975-й.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|