http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Ҳар гаҳе бе ман бимонӣ, дар ғами ман гиря кун!
Бо ҳазорон нолаю фарёду шеван гиря кун!

Дар сари санге нишеман доштем, эй тахти бахт!
Чун нишинӣ бе ман андар он нишеман, гиря кун!

Домани кӯҳе замоне будамон домони васл,
Ҳар гаҳе бе ман равӣ бар кӯҳдоман, гиря кун!

Ишқи мо чун ғунчаи гул буду як хандиду мурд,
Ғунчаи пажмурдае бинӣ ба гулшан, гиря кун!

Бар баҳори шавқи ман сардии дай аз ту вазид,
Ёд кун з-он хандаҳо, чун абри баҳман гиря кун!

Беаҷал куштӣ мубаббатҳои ширини маро,
Бар сари ин зиндагӣ то рӯзи мурдан гиря кун!

[1982]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
В 1981 г. компания "Таито" выпустила первую аркадную видеоигру "Космические захватчики".
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|