http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Дигар дар ҷомаи душман сари ёрӣ макун бо ман,
Ҷигардорӣ намедонӣ, ҷигархорӣ макун бо ман.

Манам он шишае, ки сангро дуд аз димор орад,
Дили афсурдае дорӣ, дилозорӣ макун бо ман.

Ман он коҳам, ки кӯҳеро зи беху бун барандозад,
Наӣ чун ҳамтарозуям, сабуксорӣ макун бо ман.

Чи суд аз он суханбофӣ, ки бадтар аз кафанбофист,
Нишин дар гӯшаи дуккону солорӣ макун бо ман.

Зи ҷӯи кандаи ман об хурдӣ солҳои сол,
Агар безори худ гардидӣ, безорӣ макун бо ман.

Ало, эй дӯсти душманнасақ, боре фаросат кун,
Мададгорӣ наметонӣ, халалгорӣ макун бо ман.

[1986]
  1. Choice of language
  1. You know ...
Bill Geyts became billionaire, when him was 31
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|