http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Ало, кайҳони дури ман, ало эй хоксори ман,
Ки ҳоло сабз медорӣ баҳори рӯзгори ман.

Шабат хуш бод боре дар канори ёри иҷборӣ,
Агарчи нестӣ дар шоми ғамҳо ҳамканори ман.

Туро ҳар бор агар бинам, ҷавонӣ боз меояд,
Ту – ишқи шуълабори ман, умеди пойдори ман.

Агар чашмат набинам, чашмаи илҳом мехушкад,
Ту – ҷони беқарори ман, ту – шеъри обдори ман.

Агар рӯят набинам, рӯи тақдирам сияҳ гардад,
Ту – ҳусни рӯзгори ман, ту ҳузни хушгувори ман.

Зи абрӯи баланди ту, зи мижгони дарози ту,
Ҳама авҷу барори ман, ҳама шӯру шарори ман.

Зи ҳар ҳарфи суруди ман фурӯзон мешавад номат,
Ту – ёду ёдгори ман, ту – зарлавҳи мазори ман.

Хушо аз кӯрии чашми касон, моро баҳоре ҳаст,
Хазонатро набинам, эй гули доимбаҳори ман!

[1986]
  1. Choice of language
  1. You know ...
First mention of Internet concerns to 1982.
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|