http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Эй шӯри ҷаҳони ман, эй ишқи ҷавони ман,
Дар пои дарахти хушк, эй оби равони ман.

Дар мазраи хушкида борони нумӯафзо,
Дар синаи беуммед уммеди нишони ман.

Бори ғами ин дунё кардаст дуто қаддам,
Бори ғами дил афзо бар бори гарони ман.

Эй субҳи дурахшонрӯ, дар шоми дилам бартоб,
Гулханд бизан, эй гул, дар боғи хазони ман.

Дар тирагии рӯҳам чун машъала ворид шав,
То бинӣ чӣ хоҳад монд аз рӯзу шабони ман.

Печон шаву рақсон шав дар саҳни дили хаста,
Хуни наве қоим кун андар шараёни ман.

Бозӣ куну бозӣ кун, ҳам дастдарозӣ кун,
Бозичаи дасти туст ин боқии ҷони ман.

Ингуна, ки мерезӣ оташ ба сари умрам,
Тарсам, ки шавӣ охир тобуткашони ман...

[1986]
  1. Choice of language
  1. You know ...
... что первая ЭВМ появилась в 1951 году
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|