http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Ҳар гаҳ, ки бишмарӣ, эй хушнигоҳи ман,
Бо чашми ошиқӣ айбу гуноҳи ман

Дар ишқи мо, бидон, ғайр аз дурангӣ нест –
Рӯи сафеди ту, рӯзи сиёҳи ман.

Бе ман ту сохтӣ, ман бе ту сӯхтам,
Нозат гувоҳи ту, оҳам гувоҳи ман.

Роҳам ба сӯи ту ҳамвор буд, лек
Санги дили ту буд худ садди роҳи ман.

Гардад паноҳи ман девораи лаҳад
Девори ту нашуд пушту паноҳи ман.

Аз ишқи ту даме ором нестам,
Хоҳӣ, биё, бубин оромгоҳи ман.

Баъди вафот ҳам ман бо ту зиндаам,
Шеъри маро бихон, эй маргхоҳи ман!

[1988]
  1. Choice of language
  1. You know ...
Bill Geyts became billionaire, when him was 31
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|