http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Ба ҳар ҷое, ки бошӣ, эй худои орзуи ман,
“Худоё!” гуфта мемирад ба сад хорӣ адӯи ман.

Ба сӯят ҳар шабу рӯзе, ки ман рӯи ниёз орам,
Тамоми нуриён резанд нури худ ба рӯи ман.

Сабӯи ман пур аз талхист, то талхии маҳҷурист,
Ба ёдат мешавад ширин маи талхи сабӯи ман.

Агар аз обуранги ҳусни ту ҳусни сухан ёбам,
Бимон резад ба сони обшорон обрӯи ман.

Ту гар аз дидаам дурӣ, ба дил наздику манзурӣ,
Биё аз чорсӯи ғам зи сӯи худ ба сӯи ман.

Ман аз ҳар тори мӯи ту умеди марҳамат дорам,
Бипурсӣ, бозгӯят мекунад ҳар тори мӯи ман.

Тулӯъи ормонҳои мани пурормонӣ ту,
Барояд офтоби дил, агар оӣ ба кӯи ман.

[1988]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
"Фортран" – первый высокоуровневый язык программирования.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|