http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Зи сад даъвогари беақл як дузди музаффар беҳ,
Зи сад ҳақгӯи бетаҳқиқ як афсонапарвар беҳ.

Ҳазор авлост як чахмохсанг аз кӯҳи бемаъдан,
Зи милён ҳамсари ношукр як ёри ситамгар беҳ.

Зи сад фарёди бемаврид як оҳи ғамбарор авло,
Зи сад дарёи пуршӯру талотум мавҷи соғар беҳ.

Ба манзил мебарад бореву осон мекунад коре,
Зи сад харкаллае (маъзур доредам!) сари хар беҳ!

Димоғи хушку табъи хушку мағзи хушку дасти хушк –
Миёни ин ҳама хушкӣ маро як домани тар беҳ.

Шабохун мезанад шабҳову рӯзохун тамоми рӯз,
Ба ҷони ман дар ин дунё ҳуҷуми ишқи дилбар беҳ.

Маро, ки модари бечора Лоиқ ном бинҳодаст,
Сарам қурбони кишвар беҳ, дилам қурбони модар беҳ!

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Первый массовый жесткий диск был от Seagate ёмкостью 5 Мb
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|