http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Боло нигар, пойин нигар, зиндони виҷдон омада,
Бар худ бибин, бар ӯ нигар, фуқдони имон омада!

Мӯҳри ғуломӣ дар ҷабин, хуни ғуломӣ дар бадан
Аз нафси инсон омада ё нафси кайвон омада?!

Одам зи ваҳми зиндагӣ дандон ба дандон мезанад,
Байни замину осмон инсон ба зиндон омада!

Ҷамъи парешонро бибин, пархоши хешонро бибин,
Бар ҷойи шукри обу нон туф бар намакдон омада.

Ҳусну малоҳат хор шуд, одам ба некӣ зор шуд,
Ҳайфу дареғи нозукӣ, шиша ба сандон омада!

Нӯшофаринонро бибин, нешофаринӣ мекунанд,
Парвози кайҳон хоста, бар хок яксон омада!

Мушту гиребон иддае, сар бар гиребон зумрае,
Ё бегиребон дастае даъвои майдон омада!

Дар кӯчаҳо хун рехта, сад орзу овехта,
Хоки бузургон бехта, оҳ, ин чӣ даврон омада?!

апрели 1990
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Первое упоминание Internet относится к 1982 г.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|