http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Чанд рӯзам монда ё на дар ҷаҳони бекарона,
Мерасад умрам ба поён мисли поёни фасона.

Ман саропо шеър будам, чораю тадбир будам
Ҳам ба зери осмону ҳам ба зери осмона.

Ман агар як лаҳза уммеди саломат доштам, ҳон,
Буд он ҳам бозгӯе аз тарона то тарона.

Ман чу гардони сурудам дар ҷаҳони гирдгардон,
Бо заминам ман заминӣ, бо замонам ман замона.

Дар дилам ҳафт ошёни осмон гунҷида бошад,
Гарчи дорам ошён дар хонаи пастошёна...

Лек ман шодам, ки будам ҳамнишин бо зиндагонӣ
Ҳамнишину ҳамнишон бо рӯзгори ҷовидона.

Лек ман шодам, ки рафтам аз ҷаҳони хушктабъон
Бо ҳама шеъри тари худ ошиқона, шоирона...

[1988]
  1. Choice of language
  1. You know ...
... что первая ЭВМ появилась в 1951 году
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|