http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Ёди айёме, ки бо ман ҳамнавоӣ доштӣ,
Дар дили худ нашъаи кайҳонкушоӣ доштӣ.

Медавидӣ ҳамраҳи ман байни гулҳо гул ба даст,
Пеши рӯи навбаҳоре худнамоӣ доштӣ.

Гул ба кокул мезадӣ, чаҳчаҳ чу булбул мезадӣ,
Дар ҷаҳони фонӣ як дам бефаноӣ доштӣ.

Бехудо будиву бехуд аз ҷунуни ошиқӣ,
Бар дили маҷнуни ман ҳукми худоӣ доштӣ.

Кокулафшон мешудӣ, ман ҷонфишонат мешудам,
Ҳам ту бо ман ҳар замоне ҷонфидоӣ доштӣ.

Лоиқи васли ту будам, ин замон нолоиқам,
Ёди айёме, ки бо ман ҳамнавоӣ доштӣ.

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Автор самого древнего алгоритма Евклид
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|