http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Бисёр маро дидаву нодида гузаштӣ,
Дар хеш нагунҷидиву болида гузаштӣ.

Куштӣ ҳама ангезаи дилро чу гунаҳкор,
Аз дарду ғами ошиқӣ тарсида гузаштӣ.

Дар раҳгузарат пораи дил рехта будам,
Фарёд, ки нодидаву ночида гузаштӣ.

Бисёр туро хоста, нашнохта буданд,
Хуш-хуш ҳамаро хуш написандида гузаштӣ.

Карданд басе дуд, вале дарнагирифтанд,
То бӯи дили сӯхта нашнида гузаштӣ.

Чун наҷми парон шуълакашон бол кушодӣ,
Аз тори сари мардуми хобида гузаштӣ.

[1986]
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Билл Гейтс стал миллиардером, когда ему был 31 год
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|