* * *
Кош дигарбора ошиқ будаме, Ман ба номи худ мувофиқ будаме. Қадри ёри хештан донистаме, То бақои умр содиқ будаме. Аз итоби ӯ намеранҷидаме, Меҳрубон, дилсӯз, мушфиқ будаме. Ишқи ӯро қиблаи дил хондаме, Кай чу ин дунё мунофиқ будаме. Бо ҷавонию ҷунуни ошиқӣ Шӯҳра дар ақсои Машриқ будаме. Кош бо пирӣ намебархурдаме, Кош ҳаждаҳсола Лоиқ будаме...