http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Худовандо, ки дар зотат раҳимӣ ҳасту раҳмонӣ,
Чаро моро ато кардӣ ба сад ҷурми мусалмонӣ?

Як исломӣ зи исломӣ равад бар коми нокомӣ,
Яке нозад, ки ин бошад зи бахшишҳои яздонӣ.

Яке бо сабҳаи саддона сад дунё барангезад,
Яке гар тир андозад, варо тири қазо хонӣ

Камондорест тираш синаи офоқ бишкофад,
Ба муши мурдае монад, камонашро чу бистонӣ.

Камон дар даст меояд, замон дар даст меояд,
Ба ҳоли ин замон раҳме, агар ту ҳолгардонӣ.

Бале, ҳоло камондорон замондоранд, ё аллоҳ,
Чунин монад агар, дар ошёни худ чи сон монӣ?

Ба ҳар ҷо ҳозиру нозир, ҳамадонӣ, ҳамабинӣ,
Чаро бадбахтии моро намебинӣ, намедонӣ?

18.02.1994 – Бемористон
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Впервые технология отправки факсов была запатентована в 1843 г. Александром Бейном, но факсимильный аппарат был использован лишь в 1964 г.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|