http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Чашмаи хушкидаӣ, миннат ба дарё мекунӣ,
Мурдарегӣ, сарзаниш бар кони тилло мекунӣ.

Қуллапаймоям, ту поин мекашӣ бар пои кӯҳ,
Пузи худро аз ману аз чарх боло мекунӣ.

Ғайри имзои каҷумаҷ н-ояд аз дастат ҳунар,
Лек (бояд рост гӯям!) хуб имзо мекунӣ.

Бо чунон дасту чунон пое, ки бояд бишкананд,
Ҳар чӣ аз дасти ман ояд, ту таҳи по мекунӣ.

Айнакатро рост бигзорӣ, набинӣ лек рост,
Боз аз ман ростию ҳақ таманно мекунӣ.

Говсандуқ дорию дафтар – чи боназму насақ,
Аз қалам, аз дафтари шоир чӣ парво мекунӣ.

Корҳои давлатиро монда, худ бар ҳоли худ,
Корҳои савлатиро хуб иҷро мекунӣ.

Сад супориш, сад гузориш, сад саволу сад ҷавоб,
Баҳри як моҳонаат садсола ғавғо мекунӣ.

Эй ки гуфтӣ дӯш, бисёр аст шоир дар ҷаҳон,
Аз куҷо як Лоиқи дигар ту пайдо мекунӣ?

[1986]
  1. Choice of language
  1. You know ...
... что первая ЭВМ появилась в 1951 году
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|