http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Кӯзаро бишкаставу бар санг туҳмат мекунӣ,
Ҷомро бишкаста, соқиро маломат мекунӣ.

Бас дуиҳо дидаам дар табъи пасту дуни ту,
Худ разолаткору уммеди адолат мекунӣ.

Аз хатои дигарон то осмон даф мезанӣ,
Худ хатоандешу андози башорат мекунӣ.

Дар ниҳодат нест номе аз каломи гарму нарм,
Худ дуруштоҳангу оҳанги назокат мекунӣ.

Остинро ҷанг меандозӣ бо дастони дӯст,
Бо ҳамоқатҳот изҳори рафоқат мекунӣ.

Дар дуконат нест чизе сохта аз дасти ту,
Куҳнадӯзӣ, лек даъвои асолат мекунӣ.

Маншаи ҳайвонӣ андар туст, дар худ вонигар,
То куҷо аз одаму олам шикоят мекунӣ?

[1988]
  1. Choice of language
  1. You know ...
что слово "Google" - это выдуманное число: 1 и сто нулей
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|