http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 


1941 - 2000



* * *

Ҳар лаҳзае, ки аз бари ман дур мешавӣ,
Эй офтоби умри ман, камнур мешавӣ.

Биноӣ дошт чашми ту аз нури ишқи ман,
Қадри маро надонӣ агар, кӯр мешавӣ.

Хуш бигзарондаам туро бо ишқу шеъру май,
Пас бо чӣ шиква бо манат ноҷӯр мешавӣ?

Ин сон, ки мехурӣ дили майхораи маро,
Дар рӯи гӯр воиши ангур мешавӣ.

Гар пухта буд шеъри ман дар доши оташат,
Хиште пас аз вафоти ман бар гӯр мешавӣ.

Ҳарчанд меравӣ зи ман дар шоми зиндагӣ,
Аз байтҳои шеъри ман манзур мешавӣ.

З-он пас, ки ман бимираму дар хоки тар равам,
Чун шеърҳои ман ту ҳам машҳур мешавӣ.

[1988]
  1. Choice of language
  1. You know ...
In 1981 Creative Technology firm (Singapore) - the founder of the first sound cards has been based.
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|