http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Корпусы
 
  1. Новости

 
 
  1. Спонсоры
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000



* * *

Бас андарзи зардуштиву монавӣ
Бихондему барн-омад аз мо навӣ.

Бихондем фарзонагии Куруш,
Бихондем бас номаи паҳлавӣ.

Зи душман басо мушт хурдем, лек
Нагаштем ҳамдасту мушти қавӣ.

Наҷустем шаш сӯи дунё, агар
Бихондем шаш дафтари “Маснавӣ”.

Шиносӣ худоро, чу бишносӣ худ –
Чунин гуфт дар “Маснавӣ” Мавлавӣ.

Бихондем “Авасто”-у “Позанд”-у “Занд”,
Ҳама мабдаи зиштиву некувӣ.

Паи ҷоҳилони биёбон шудем,
Накардем аз мӯбадон пайравӣ.

Зи Қуръон бихондему гуфти набӣ:
– Битарсо зи бодафраи ухравӣ.

Зи фарҳанг беҳтар надорем ганҷ –
Ту ин гуфтаи Рӯдакӣ нашнавӣ?

Зи “Шаҳнома” хондему пири хирад:
“Аз омӯхтан як замон нағнавӣ”.

Валекин ҳанӯзем мову ту дур
Зи худдовариву худогаҳшавӣ.

Зи афсона берун нарафтему ҳайф
Бимондем беҷода аз ҷодувӣ.

Гадошаҳ якеву дигар шаҳгадо,
Надорад яке фарраи хусравӣ.

Худохоҳии мост худкомагӣ,
Худогоҳии мост вопасравӣ.

Дар охир расидем он ҷо, ки вой
Туӣ инсуиву манам онсувӣ

Дар охир чӣ кардем? Мӯҳтоҷ шуд
Рухи гандумимон ба нони ҷавӣ.

Чунин душмани хеш бошем агар,
На тоҷик монад, на мову тувӣ.

20.07.1998
  1. Выбор языка
  1. Знаете ли вы...
Первое упоминание Internet относится к 1982 г.
О школе| Материалы| Библиотека| Наши работы| Контакты| Форум| Карта сайта|